ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъғйироти кадрӣ анҷом дод.
Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон ва Муродализода Далер муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири дифоъ оид ба ақибгоҳ, Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо кадрҳои нав таъйин шуданд.
Ҳамчунин тағйирот дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.
Ба ҳамин тартиб ҳамчунин роҳбарони “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” бо кадрҳои ҷавону варзида иваз карда шуданд.
Бо дастури Президенти Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” низ иваз карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати дифоъ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз кадрҳои таъйиншуда дар сохторҳои қудратӣ, ба назорати интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии доимии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ, аз худ намудани забонҳои байналмилалӣ ва техникаю технологияи муосири ҳарбӣ ва хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо кадрҳо доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии он дастур дод.