ВУХ-и Русия: Манъи вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба кишвар хилофи аҳдномаи ИИАО хоҳад буд

Здание Министерства иностранных дел РФ на Смоленской-Сенной площади в Москве.
Манъи вуруди оилаҳои муҳоҷирон, аз ҷумла аз кишварҳои ИИАО ба Русия, ки бо ибтикори бархе аз вакилон баррасӣ мешавад, хилофи паймони иттиҳод хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Дар ин бора директори департаменти аввали кишварҳои ИДМ Вазорати умури хориҷии Русия Микаэл Агасандян дар мусоҳиба бо РИА “Новости” изҳор дошт.
Вай ёдовар шуд, ки тайи як соли ахир дар Русия барои такмили қонунгузории муҳоҷират ва ба тартиб даровардани расмиёти дахлдор корҳо фаъолона идома доанд.
"Дар ин робита ташаббусҳои мухталиф, аксаран хеле баҳсбарангез дар арсаи ҷамъиятӣ ба миён меоянд. Аммо манъи мустақими вуруди аъзои оилаи коргарони хориҷӣ аз ҳама тоифаҳо, то ҷое ки ман медонам, дар байни онҳо нест", - гуфт Агасандян.
Ба гуфтаи вай, манъи вориди оилаҳо наметавонад ба муҳоҷирони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рабт дошта бошад.
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук
Оверчук: Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар ҳудуди ИИАО бештар аз 90% аст
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия тавзеҳ дод, ки “ин ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Русия, аз ҷумла ба ӯҳдадориҳо дар чаҳорчӯби Аҳдномаи ИИАО мухолифат мекунад.
Вай ёдовар шуд, ки созишнома дар бораи ИИАО барои шаҳрвандони кишварҳои узви ин созмон низоми вижаи муҳоҷират дар Русияро пешбинӣ мекунад.