ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Дар шаҳри хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ташкилоти МАГАТЭ бо роҳбарии Стейскал Сандра Мари сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додасст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ миёни вилояти Суғд ва ташкилоти МАГАТЭ-ро баррасӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки мақсад аз ташрифи меҳмонон гузаронидани мониторинги фаъолияти таҷҳизоти нурафканӣ дар шуъбаи табобати нурии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд мебошад.
Манбаъ хабар додааст, ки соли 2025 дар асоси лоиҳа Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо дастгоҳи рентгении рақамии "Evolution", ки 203 132 евро арзиш дорад, таъмин шудаву айни замон таҷҳизот мавриди истифода қарор дорад.
“Дар назар аст, ки аз ҷониби ташкилот таҷҳизоти нурафкании "Брахитерапия" бо арзиши 324 055 евро низ дастрас карда шавад”, - қайд кард манбаъ.
Таъкид шуждааст, ки бо дастгирии ташкилоти бонуфуз ҳамзамон 3 нафар мутахассисони Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар Маркази илмӣ-тадқиқотии онкологии шаҳри Москва ба бозомӯзӣ ҷалб гардидаанд.
Раиси вилоят омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ бо МАГАТЭ баён кард.