Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон: “Сахарова” таътил дорад

Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатиаш ҳушдор додааст, ки Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” рӯзҳои 1 ва 9 майи соли равон кор намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки бо дар назардошти ҷашни идҳо Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” 1 ва 9 майи соли 2025 қабули муҳоҷирони меҳнатиро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва дигар намуди хизматрасониҳо ба роҳ намемонад.
Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, ки шуъбаҳои Корхонаи воҳиди давлатии федералӣ “ХШР” Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилоятҳо ва шаҳрҳои ин кишвар қабули шаҳрвандонро бо дар назардошти рӯзҳои ид 1 ва 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон намудаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки қабули шаҳрвандон дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” дар дигар рӯзҳои даҳаи аввали моҳи май тибқи тартиби муқараргардида фаъолият менамоянд.
Путин муҳлати ба расмиятдарории будубош дар Русия барои муҳоҷиронро тамдид кард
Ҳамзамон, хабар дода шудааст, ки шуъбаҳои ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо 3 ва 10 майи соли 2025 қабули шаҳрвандонро бо дар назардошти рӯзҳои ид ба роҳ мондаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи май сокинони Русияро рӯзҳои тӯлонии истироҳатӣ интизор аст. Дар моҳи майи имсол муҳимтарин ҷашн 80-умин солгарди Ғалабаи бузург ҷашн гирифта мешавад.