ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Интизор меравад рӯзи 23 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи ҳунармандони Ӯзбекистон баргузор гардад.
Дар ин бора Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон хабар дод.
"Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ 23 май намоишномаи худро пешниҳод мекунад", - омадааст дар иттилоияи театр.
Манбаъ афзуд, дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ду давлат табодули ҳамкорӣ бештар мегардад.
Ин сафари ҳунарӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ки соли 2022 ба имзо расида буд, доир мегардад.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намоянд.