Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав меравад: Чаро?

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Қарор аст, дар шаҳри Маскав мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Русия Михаил Мишустин сурат гирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав сафар мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Русия хабар додааст.
Қарор аст рӯзи 25 апрел нахуствазири Русия Михаил Мишустин бо ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ кунад.
"Ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад", - хабар додааст хадамоти матбуоти ҳукумат.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода масоили кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума
Тоҷикистон интизори ширкати Русия барои истихроҷи нафту газ дар кишвар аст
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар карда буд.
Зимни сафараш ба шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард ва зимни суханрониаш аз саҳми тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муносибати хоси Тоҷикистон ба Рӯзи Ғалаба ёдовар шуд.
Дар солҳои ҷанг тамоми имконоти инсонӣ ва моддии ҷумҳурӣ ба эҳтиёҷоти ҷанг равона карда шуда буданд, кайд кард раиси парлумони кишвар.