Мишустин: Тоҷикистон як шарики муҳими Русия дар Осиёи Марказӣ аст

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кориаш ба Маскав бо ҳамтои русаш дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тоҷикистон ҳампаймон ва шарики муҳими Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Дар ин бора сарвазири Русия зимни мулоқот бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар Маскав изҳор дошт.
Оқои Мишустин қайд кард, ки Тоҷикистон шарики муҳим ва шарики стратегии Русия дар Осиёи Марказӣ мебошад ва муносибатҳои ду кишвар ба дӯстии таърихӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳои бародар асос ёфтаанд.
Вай ҳамчунин аз сафари ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ёдовар шуда гуфт, ки роҳбарони ду кишвар дар музокиоти рӯ ба рӯ роҳбарони дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон таъкид карданд.
"Вазифаи ҳукуматҳои мо дар ин аст, ки иҷрои дақиқи қарорҳои дар сатҳи олӣ қабулшударо таъмин кунем", - афзуд сарвазири Русия.
Вай илова кард, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-феврали соли 2025 аллакай нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9% афзоиш ёфта, ба 23 миллиард рубл расидааст.
Мишустин дар хотима гуфт: "Русия дар миёни шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар ҷои аввал аст."
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Маскав меравад: Чаро?
Ёдовар мешавем, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо як сафари корӣ дар Маскав қарор дорад.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ба Русия сафар карда буд.
Зимни сафараш ба шаҳри Санкт-Петербург дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард ва зимни суханрониаш аз саҳми тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муносибати хоси Тоҷикистон ба Рӯзи Ғалаба ёдовар шуд.
Дар солҳои ҷанг тамоми имконоти инсонӣ ва моддии ҷумҳурӣ ба эҳтиёҷоти ҷанг равона карда шуда буданд, кайд кард раиси парлумони кишвар.