ВУХ Русия: Арманистон метавонад баҳраи худро дар ИИАО аз даст диҳад

Заместитель министра иностранных дел РФ Александр Грушко
Тавре муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко қайд кард, ин ҳолат дар ҳолате рух хоҳад дод, ки агар "ғарб Арманистонро ба бозиҳои худ кашад"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Маскав аз талошҳои Ереван барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо нигарон аст.
Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Грушко ба рӯзноманигорон гуфт, ки агар Арманистон ба бозиҳои геополитикии Ғарб кашида шавад, метавонад манфиатҳои худ дар ИИАО-ро аз даст диҳад.
Оқои Грушко аз талошҳои Ереван барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ кард.
"Табиист, ки талошҳои Арманистон барои шомил шудан ба Иттиҳодияи Аврупо нигаронкунанда аст, зеро ин орзуҳо бо узвияти ин кишвар дар ИИАО созгор нест ва мо дар тамосҳои сершумори худ бо ҳамкасбони арманӣ дар ин бора ҳарф мезанем",- таъкид кард дипломати рус.
Строительство участка скоростного диаметра от МКАД до трассы Солнцево-Бутово-Варшавское шоссе
Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ИИАО афзоиш ёфт
Вай илова кард, ки Арманистон ба шарофати узвияташ дар ИИАО бо суръати хуб рушд дорад.
Мақомдори рус гуфт, ки рушди иқтисоди ин кишвар дар тамоми соҳаҳои мушоҳида мешавад.
“Ин дороии бузург аст, агар Ғарб онро ба бозии геополитикии худ ҷалб кунад, Арманистон онро аз даст медиҳад", - таъкид кард муовини вазири умури хориҷа.