Маълум шуд, кай фарҳанги Тоҷикистон дар Чин муаррифӣ мешавад

Дни культуры Таджикистана в Москве
Инак маротибаи чорум мешавад, ки Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангиро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, чорабинии фарҳангӣ аз 25 то 29 апрел идома мекунад.
"Аз 25 то 29 апрел Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардуми Чин доир мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар шаҳрҳои Пекин ва Сиян доир мегардад. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик ва ҷавонони соҳибистеъдод пешниҳод мешавад.
Бояд гуфт, масъалаи баргузор кардани Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Чин ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта дар мулоқоти Матлубахон Сатториён ва сафири Чин дар кишвар Ҷи Шумин баррасӣ шуда буд.
Флаги Таджикистана и Китая
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мешаванд
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи апрел Тоҷикистон фарҳангашро дар Чин муаррифӣ мекунад.
Дар назар аст, дар Рӯзҳои фарҳангӣ дар Чин Тоҷикистон ҳунари миллӣ, анъана ва мероси фарҳангии худро ба намоиш мегузорад. Илова бар ин, намоишгоҳи рассомон, консертҳо ва дарсҳои маҳорат ҳам сурат хоҳанд гирифт.
Бояд гуфт, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.
Инак маротибаи чорум мешавад, ки Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангиро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мекунад