Андӯҳи Раҳмон аз даргузашти Попи Рим Франсиск

Папа Римский Франциск после богослужения на площади на территории Международного выставочного центра EXPO в Нур-Султане.
Роҳбари давлат дар номаи таслияти худ аз мулоқот бо марҳум дар соли гузашта ёдовар шуда, гуфт хизмати ӯ боиси қадр аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас дар робита ба даргузашти Попи рим барқияи изҳори ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
"Хабари даргузашти Олиҳазрат Попи Рим Франсиск боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.Марҳум бо фаъолияти доманадори худ ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд", - омадааст дар номаи тасаллияти президент.
Президент зикр намуд, ки хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонад ва қадр мекунад.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти як соли пеши худ бо Олиҳазрат дар Ватикан ёдовар шуд ва саъю кӯшишҳои пайвастаи Попро дар ҷодаи таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Тахти Муқаддас зикр намуд.
Встреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном
Раҳмон ба сарвазирони Мянмар ва Таиланд номаи ҳамдардӣ ирсол кард
Президент дар робита ба даргузашти Попи Рим ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва пайравони калисои католикӣ ҳамдардиву таслият баён кард.
Ёдовар мешавем, моҳи апрели соли 2024 Раҳмон барои нахустин бор аз Ватикан дидан кард ва дар он ҷо бо Попи Рум Франсиск мулоқот намуд.
Попи Рим Франсиск субҳи 21 апрел дар синни 89-солагӣ даргузашт.