ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон таҳти идораи Русия хоҳад буд ва ширкатҳои Русия ва кишварҳои дигар метавонанд узви ин лоиҳа шаванд.
Дар ин бора вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом имкон медиҳад, маҳсулот ба бозорҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя содирот шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистон як парки муштараки саноатӣ таъсис медиҳанд.
Ин Порки саноатӣ имкон медиҳад то соли 2030, гардиши мол миёни кишварҳоро ба маротиб афзоиш диҳад.
"Русия ва Тоҷикистон як парки муштараки саноатӣ таъсис медиҳанд. Таъсиси парки саноатӣ шумораи операторони иқтисодии саноатии Русияро дар кишвар афзоиш медиҳад ва ба афзоиши 2,5 баробарии гардиши моли миёни Русия ва Тоҷикистон (то соли 2030) мусоидат хоҳад кард", - қайд кардааст вазорати саноат.
Вазорат хабар додааст, ки ахиран муовини директори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар умури савдои хориҷии Вазорати саноат ва савдои Русия Артур Галиуллин ҷанбаҳои асосии лоиҳаро дар Душанбе дар майдони Корхонаи воҳиди давлатии "Коргоҳи мошинсозӣ" муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳукумат созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таъсиси парки саноатиро қабул кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Порки саноатӣ”-и муштараки Русия ва Тоҷикистон метавонад дар ҳудуди корхонаи "Коргоҳи мошинсозӣ" (собиқ иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш") таъсис ёбад.