Дар Душанбе бахшида ба солгарди Ғалаба кинолекторий оғоз шуд

Ба кинолектория беҳтарин филмҳое дохил карда шуданд, ки дар солҳои мухталиф ва дар студияҳои гуногуни кишвар ба навор гирифта шудаанд
Sputnik
Чорабинӣ дар Хонаи русхо дар Душанбе бо филми "Турнаҳо парвоз мекунанд" Михаил Калатозов оғоз гардид.
Дар ин чорабинӣ сокинон, омӯзгорони кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русия Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Ин филмест, ки дар он саҳнаҳои ҷангӣ вуҷуд надорад, аммо ин филм пурра дар бораи ҷанг аст.
Ҷанговарон аз "Боми ҷаҳон": ё саҳми ВМКБ дар ғалабаи бузург
Дар байни филмҳои шӯравӣ дар он давра ягона филме буд, ки дар синамоҷашнвораи Канн ҷоизаи "Шохаи тиллоии нахл"-ро соҳиб шуд.
Намоиш бо хамкории киноконтсерни "Мосфильм" дар доираи як катор чорабинихо бахшида ба 80-солагии Ғалабаи Бузург ташкил карда шудааст.