"Тоҷик эйр" боз як парвози дохили ҷумҳуриро роҳандозӣ кард

Пас аз солҳои боздоштани фаъолият интиқолдиҳандаи миллии Тоҷикистон тавсеаи шабакаи парвозро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" аз оғози парвози нави дохили ҷумҳурӣ хабар дод.
Хадамоти матбуотии ширкат иттилоъ дод, ки парвози нав дар масири Душанбе-Ховалинг-Душанбе анҷом дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки парвозҳо ҳар рӯзи шанбе соати 12:00 сурат мегиранд. Чиптаҳоро сокинону меҳмонон метавонанд аз хазинаи чиптафурӯшии ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр"харидорӣ кунанд.
“Бачаҳои мо тавонистанд!”: “Тоҷик Эйр” чӣ гуна эҳё мешавад?
Дар мавриди вақти сафар ва нархи чипта ҳанӯз маълумот дар даст нест. Пас аз солҳои боздоштани фаъолият, интиқолдиҳандаи миллии Тоҷикистон тавсеаи шабакаи парвозро идома медиҳад.
Ҳамин тавр, "Тоҷик эйр" аллакай парвозҳоро аз Душанбе ба як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент, Рашт роҳандозӣ кард.
Бояд гуфт, дар парки ширкати ҳавопаймоӣ танҳо 1 ҳавопаймои Амалкунандаи Ан-28 мавҷуд аст. Он дар хатсайрҳои маҳаллӣ парвоз мекунад. Ҳамчунин ду Ан-28 дигар низ мавҷуд аст, ки пас аз таъмир истифода бурдани онҳо ба нақша гирифта шудааст, гуфт намояндаи интиқолдиҳанда дар конфронси моҳи январ.