ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тоҷикистон барои ба даст овардани Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми назаррас дорад.
Дар ин бора раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) дар Санкт-Петербург изҳор дошт.
Чорабинии мазкур ба 80-солагии Ғалабаи Бузург бахшида шудааст.
"Мо ҳамеша ифтихор дорем, ки Тоҷикистон дар қатори дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалабаи Бузург саҳми арзанда гузоштааст", - гуфт ӯ.
Рустам Эмомалӣ хотиррасон кард, ки дар солҳои ҷанг 300 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба фронт даъват карда шуданд ва зиёда аз 45 ҳазор нафар сокинон ба корхонаҳо ва дигар минтақаҳои ИҶШС фиристода шуданд.
Раиси парлумони Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Санкт-Петербург ташриф оварда буд.
Сафари Рустам Эмомалӣ ба Санкт-Петербург аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоби дубора ба вазифаи раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ аст.