ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Аввалин нуқтаи додани фармоишҳои бозори маъмули Русия Wildberries дар Душанбе ба кор даромад.
Аввалин нуқта дар кӯчаи Лоҳутӣ 15 бо ҳузури роҳбари ин бозор Татяна ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
© Sputnik
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Душанбе ду нуқта ифтитоҳ мешавад ва фардо, 20 апрел филиал дар Хуҷанд ба фаъолият оғоз мекунад.
"Мо дар ин ҷо (Душанбе - идора) барои қабули маҳсулот як маркази навъбандӣ мекушоем ва дар оянда ният дорем, ки барои ворид шудани соҳибкорони тоҷик ба бозор шароит фароҳам оварем", - гуфт зани соҳибкор.
Илова бар ин, Wildberries нақша дорад, ки лоиҳаҳои гуногунро барои ҳамкорӣ бо занони Тоҷикистон дар бахшҳои маориф ва технологияҳои иттилоотӣ амалӣ созад, гуфт Ким.
Муайян карда шудааст, ки интиқоли мол на бештар аз 7 рӯзро дарбар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки сарусадоҳо дар бораи ворид шудани “Wildberries” ба бозори Тоҷикистон тайи чанд соли ахир паҳн шуда буд.
Дар баробари ин, рӯзи ба фаъолият оғоз кардани он пайваста ба таъхир меафтод. Сабаб, ба гуфтаи асосгузори ин бозор Татяна Ким, он буд, ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест.
Вай қайд кард, ки берун аз ИИАО дар масъалаи таъминоти логистикӣ мушкилоти муайян вуҷуд дорад, зеро дар дохили иттиҳодия расмиёти марбут ба гардиши ҳуҷҷатҳо ва андозбандӣ содатар аст.