Суғд омодааст ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тавсеа бахшад

Раиси вилояти Суғд бо муовини губернатори вилояти Тюмени Русия масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини губернатори вилояти Тюмени Русия Андрей Пантелеев аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки миёни минтақаҳои ду давлат равобити хубу дӯстона барқарор шудааст.
Вай таъкид кард, ки имкониятҳои вилояти Суғд дар бахшҳои сайёҳии экологӣ, моҳидорӣ, шикор, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фароғатӣ хеле фаровон буда, вилоят омода аст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тавсеа бахшад.
Раиси вилояти Суғд дар ин дидор қайд кард, ки гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Русия дар соли 2024 ба 680 миллион доллар расидааст.
Тоҷикистон интизори ширкати Русия барои истихроҷи нафту газ дар кишвар аст
Вай таъкид кард, ки ин нишонаи равшани рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад.
Дар ин рӯз ҳамчунин мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Ислом Назаралиев — Раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақомдори рус барои иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии "Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим" ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.