ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Рустам Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ - ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба хотираи шаҳидон арҷ гузошт.
Ёдовар мешавем, ки тоҷикистониҳо дар муҳорибаҳои назди Москва, Курск, Сталинград, озод кардани Ленинград аз блокада ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.
Дар байни ҷанговарони аз блокада озод кардани Ленинград фиристодагони Тоҷикистон Т.Одилов, М.Шокиров, С.Бурҳонов ва С.Мухторов бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Дар ҷаласаи Санкт-Петербург масоил дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ дар соли 2024, ташкили мушоҳидаҳои интихобот дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии ИДМ, ҳамкории кишварҳои созмон дар таҳкими амнияти наздисарҳадӣ дар марзҳои берунӣ ва дигар масоили ҷорӣ мавриди баррасӣ шуд.
Зимни суханронии худ Рустами Эмомалӣ дар ин ҷаласа дар бораи натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ изҳори қаноатмандӣ намудааст.