Мақомот гуфт дар 28 рӯз ба сайёҳони хориҷӣ чӣ гуна кумак расонидааст

Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар давоми 28 рӯз телефони фаврии боварӣ барои сайёҳон самараи хуб нишон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Шурӯъ аз 21 марти соли 2025 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ, телефониии фаврӣ боварӣ (горячая линия) ба роҳ монда шуда буд.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон қайд кардааст, ки чунин таҷриба дар минтақа бори аввал ба роҳ монда шуд.
“Ин метавонад барои баланд бардоштани имиҷи кишварамон таъсисри мусбӣ расонад”, - гуфт ӯ.
Кумита таъкид кард, ки дар ин мудат иқдоми мазкур самараи хуб нишон дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи нақлиётӣ, Хадамоти гумрук, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милӣ, Сарраёсати Консулӣ ва Фурудгоҳи Байналмилалии шаҳри Душанбе ҳангоми муроҷиат аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандон кумакҳои амалӣ ва машваратӣ расонида шудааст. Аз ҷумла:
Ҳангоми мушкилиҳои гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Дӯстӣ ба шаҳри Ӯзбекистон;
Ҳангоми ба мушкили дучор шудани 12 нафар сайёҳони хориҷӣ аз шаҳри Самарқанд тариқи гузаргоҳи Саразами шаҳри Панҷакент;
Мусоидат ба 40 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дарёфти виза, ки тариқи роҳҳои замини ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд;
Ҳангоми иштибоҳан гирфтани бағоч (Багаж)- шаҳрванди Индонезия аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Фурудгоҳи байналилалии шаҳри Душанбе;
Тоҷикистон мунтазири ширкатҳои русӣ барои рушди зерсохтори сайёҳӣ аст
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дигар кумакҳои амалӣ ва машваратӣ аз ҷониби масъулони Кумита ва масъулони мақомотҳои болозикр ба муроҷиаткунандагон расонида шуд.