ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ахиран корвони мошинҳо пур аз масолеҳи сохтмонӣ барои осебдидагони заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, ба Рашт ворид гардид.
Дар ин бора мақомоти ноҳияи Рашт хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт корвони мошинҳои пурборро аҳли ҷамоачигии ноҳия ва аъзои ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ қабул намуд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода вобаста ба рафъи оқибатҳои заминларза таваҷҷуҳи назар карда, иқдоми роҳбарияти олии кишварро мусбат арзёбӣ кард.
Қаблан муовини Сарвазири Тоҷикистон аз осебдидагоне, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт бистарӣ гардидаанд, дидан намуда ба онҳо кумаки молиявӣ расонид.
Аз тарафи Агентии давлатии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон маводи ниёзи аввали ғизоӣ ва хайма ба мардуми осебдида расонида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14 апрел супориш дод, ки фавран ба арардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо равон карда шавад.
Субҳи 15 апрел корвони мошинҳо иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣба ин минтақа фиристода шуд.
Таъкид шудааст, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат доимии президенти кишвар қарор дорад.
Бояд қайд кард, ки бо супориши раисҷумҳур баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи мазкур оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардидаро баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.