Эрон омодаи табодули таҷриба бо Тоҷикистон дар заминаи муқобила бо тероризм ҳаст

Фармондеҳи кули артиши Эрон гуфт, артиши Эрон таҷрибиёт бисёр хубе дар заминаи муқобила бо тероризм дорад ва омодааст бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Саидабдураҳим Мусавӣ, фармондиҳи кули артиши Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзод, изҳори умедворӣ кард, ки дидор нуқтаи иртиқои таъомулоти бештар миёни неруҳои мусаллаҳи Эрону Тоҷикистон хоҳад шуд.
Вай гуфт, ки миёни ду кишвар марзи муштаракӣ вуҷуд надорад, вале Эрон эҳсоси ҷудои нисбати Тоҷикистонро надорад.
Оқои Мусавӣ таъкид кард, ки иштирокоти мавҷуд миёни Эрон ва Тоҷикистон метавонад мунҷар ба иртиқои ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба вижа дар ҳавза дифоӣ шавад.
Ин ҳамкориҳо дар заминаҳои чун табодули устод ва донишҷӯ метавонад ба маротиби бештар аз гузашта сурат гирад ва артиши Эрон омода аст то зарфияти бештаре барои пазириши донишҷӯёни Тоҷикистон эҷод кунад.
Фармондиҳи кули артиши Эрон дар идома, муқобила бо тероризмро дағдағаи муштараки Эрону Тоҷикистон баршумурд ва тасреҳ кард, ки Эрон ва Тоҷикистони дағдағаҳои муштараке дар заминаи муқобила бо тероризм доранд ва метавонанд дар ин замина таъомулот хубе дошт бошанд.
Боқирӣ: Ҳамкории нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Тоҷикистон дар болотарин сатҳ аст
Вай ҳамчунин гуфт нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар метавонанд размоиши муштарак баргузор кунанд.
Мусавӣ фзуд, Эрон собиқаи 8 соли дифои муқаддас ва даргирӣ бо қудратҳои бузургро дар таҷрибиёт худ дорад ва бар асоси ҳамин таҷрибаҳо ва бо иттико ба равишҳои дифоӣ ва низомии худ, иқдом ба сохт таҷҳизоти маврид ниёз карда мутобиқ бо таҷҳизоти худ тактик низ ибдоъ кардаем.
“Дар ҳақиқат таслеҳоти мо, мутобиқ бо шеваи ҷангу фарҳанги бумии мо ва аҳдоф ва роҳбурдҳои Эрон аст”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Собирзода , вазири дифои Тоҷикистон ҳам дар ин дидор бо ибрози тамоюл ба ҳамкории муштарак бо неруҳои мусаллаҳи Эрон дар заминаи муқобила бо тероризм изҳор дошт, ки тероризми хатарии муштарак барои Эрону Тоҷикистон аст ва мо омодаи ҳамкории муштарак бо Теҳрон ҳастем.
Вай бо ишора ба пешрафтҳои низомии Эрон, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ифтихор мекунад ки санъати дифои Эрон то ба ин мизон пешрафт кардааст, ки имрӯз на танҳо дар минтақа балки дар ҷаҳони ҳарф барои гуфтан дорад.