ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво то охири моҳи апрел дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари офатҳои табиӣ боқӣ мемонад, ки бисёре аз онҳо бо тағйиреёбии иқлим вобастаанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки гармшавии глобалӣ боиси обшавии шадиди пиряхҳо ва воридшавии ҳавои намнок ба кӯҳҳо ва пешкӯҳҳо мегардад.
"Ин дар навбати худ ба афзоиши шиддати боришоти атмосфера оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он селу тарма ва сангрезиш ба амал меоянд”, - қайд кардаанд обуҳавошиносон.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагони воситаҳои нақлиёт чунин тавсия додааст, ки бидуни зарурати фаврӣ ба паси чамбари мошин нашинанд.
Ҳамчунин ин вазорат таъкид кардааст, ки дар шароити обу ҳавои номусоид ронандагон бояд ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд.
“Суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд накунед, аломатҳо ва нишонаҳои роҳро нодида нагиред, масофаи байни мошинҳо ва дигар қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоед”, - зикр кардааст вазорати нақлиёт.
Қайд карда шудааст, ки агар шаҳрванд ҳангоми рондани мошин хаста ё асабонӣ шавед, мошинро муддате манъ намуда, истироҳат кунад.
Вазорат таъкид кардааст, ки ронандагон пеш аз рондани мошин аз вазъи обу ҳаво ва тӯфонҳои магнитӣ ҳатмане маълумот гиранд ва чораҳои дахлдор андешанд.