Афзоиши 43 дарсадии табодули коло миёни Тоҷикистону Эрон

Ба иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар дар семоҳаи якум соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон 111 миллион долларро ташкил додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар мулоқот бо муовини муовини аввали президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ таъкид кард, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду кишвар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардиши савдои хориҷии дуҷониба афзоиш ёфт.
Вай гуфт, дар семоҳаи якум соли 2025 гардиши савдои хориҷии дуҷониба 111 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 42,9 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон вазири тоҷик таъкид кард, ки дар соли 2024 гардиши савдо миёни ду кишвар ба 378 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 1,5 маротиба афзоиш ёфта буд.
Завқи Завқизода қайд намуд, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеъ барои бунёди корхонаҳои саноатии муштарак дар самти истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, саноати кимиёвӣ, дорусозӣ, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра мебошад.
Муовини аввали президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон омад
“Истифодаи қувваи кории нисбатан арзон ва энергияи сабз барои таъмини рақобатпазирии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд”, - гуфт ӯ.
Дар навбати худ, Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо таваҷҷуҳи хоса аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда, омодагии худро барои истифода бурдани долонҳои транзитӣ, баргузории намоишгоҳҳо ва иштирок намудани бахши хусусӣ дар он, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва рушди сайёҳӣ баён дошт.