ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон хеле баланд буда, донистани он ба ҳар як донишҷӯ ё корманди тоҷик як шонси дигар зам мекунад.
Чунин андешаро дар суҳбат бо ТАСС директори марказҳои таълимии бози Вазорати маорифи Русия дар ҷумҳурӣ Марина Неболсина изҳор дошт.
"Таваҷҷӯҳ ба забони русӣ ба таври умум хеле баланд аст, гарчанде на дар ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад",- гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон, ба гуфти ӯ, забони русӣ бар хилофи бисёре аз кишварҳои ИДМ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.
"Дар Тоҷикистон мушоҳида мекунед, ки одамон дар муҳити чандзабонӣ вуҷуд доранд, масалан, шиорҳои кӯчаҳо ҳамзамон бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ ҳастанд", - гуфт Неболсина.
Вай қайд кард, ки ҳанӯз ҳам ҷавонон нисбат ба насли калонсол, ки дар замони шӯравӣ таҳсил карда буданд, забони русиро бартар медонанд. Ба фикри ӯ, дар ҷумҳурӣ ба давраҳои омӯзиши забони русӣ талабот зиёд аст.
Марказҳои таълимии боз дар Тоҷикистон аз соли 2021 дар заминаи ду донишгоҳи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд ва дар яке аз донишгоҳҳои вилояти Суғд майдони омӯзишӣ кушода шудааст.
Ба гуфтаи директори марказҳо, дар давраи фаъолияташон беш аз 1,5 ҳазор нафар курсҳои такмили ихтисосро хатм кардаанд.