ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ки низомиёни кишвар дар гузашти низомӣ ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалаба дар Маскав ширкат хоҳанд кард
Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
“Қарор аст, ки барои омодагиҳо аллакай низомиён дар аввали моҳи май вориди Русия шаванд”, -гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки имсол аз солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 соли пур мешавад ва ба ифтихори он дар Майдони Сурхи Маскав гузашти бошукуҳи низомӣ баргузор мешавад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро рӯзи 9-уми май дар Маскав дар тантанаҳои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба интизор аст.
Сипас раисҷумҳури Тоҷикистон низ ширкаташро дар ин ҷашн таъйид кард ва гуфт 9 май ба Маскав сафар хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки 80-умин солгарди Ғалаба дар тамоми кишварҳои узви СПАД таҷлил мешавад