ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Эрон ҷангро оғоз карданӣ нест, аммо ба ҳама гуна таҷовузи ИМА ё Исроил алайҳи қаламрави худ посухи сахт хоҳад дод.
Дар ин бора узви комиссияи парлумонии Эрон оид ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Исмоил Қайсарӣ ба РИА Новости изҳор дошт.
Бояд гуфт, рӯзи шанбе дар пойтахти Уммон музокироти ғайримустақими вазири умури хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ ва фиристодаи махсуси президенти ИМА дар Ховари Миёна Стив Уиткофф баргузор гардид.
"Эрон ҳеҷ гоҳ ҷанг нахоҳад кард, аммо агар каме таҷовуз алайҳи қаламраваш сурат гирад, таҷовузкорон (ИМА ё Исроил – идора) бешубҳа посухи сахт ва пушаймониро бояд интизор шаванд", - гуфт Қайсарӣ.
Дар аввали моҳи март президенти ИМА Доналд Трамп ба раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ номае фиристод, ки дар он ӯ гуфт, ки мехоҳад бо Теҳрон дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон созишнома бандад ва таҳдид кард, ки дар сурати саркашӣ аз имзои созишнома Эронро посухи низомӣ интизор аст.
Ба гуфтаи президенти Эрон Масъуд Пизишкиён, Теҳрон дар номаи ҷавобӣ аз гуфтушунидҳои мустақими ИМА дар бораи барномаи ҳастаӣ даст кашид ва гуфт, "равзанаи гуфтушунидҳо танҳо бо миёнаравии кишварҳои сеюм кушода аст".
Соли 2015 Бритониё, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон созишномаи ҳастаиро (нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амалиёт) ба имзо расониданд, ки дар ивази маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон бекор кардани таҳримҳоро дар назар дошт.
ИМА дар замони президентии Трамп дар соли 2018 аз ин созишнома баромад ва таҳримҳо алайҳи Теҳрон барқарор шуданд.
Дар посух, Эрон эълон кард, ки ӯҳдадориҳои худро дар доираи созишнома марҳила ба марҳила коҳиш медиҳад, аз ҷумла аз маҳдудиятҳо дар таҳқиқоти ҳастаӣ ва сатҳи ғанисозии уран даст кашид.