ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Вазирони хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ махсус ба масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷират тавваҷуҳи хос зоҳир карданд.
Дар ин бора вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар шаҳри Алмато зери раисии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид.
Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, вазирон дар ин ҷаласа дар бораи масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро дар доираи ИДМ баррасӣ карданд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ самтҳои авлавиятноки раёсати Тоҷикистонро дар ИДМ дар соли 2025 баён намуда, ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши масирҳои нақлиётию логистикӣ, рушди равобити гуманитарию фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон тамаркуз кард.
“Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷират зоҳир гардид ва роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон зарурати такмили заминаи меъёрию ҳуқуқиро дар ин соҳа, аз ҷумла суръат бахшидан ба мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳое, ки дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд, таъкид намуд”, - қайд кард вазорати хориҷа.
Ҳамзамон вобаста ба мавзӯи амният, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои киберӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳоеро, ки ба пойдории субот ва рушди ҳамкориҳо дар Иттиҳодия таҳдид мекунанд, баррасӣ намуданд.
Зикр гардидааст, ки дар доираи омодагӣ ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таваҷҷуҳи махсус ба масоили таҳияи ҳуҷҷатҳои мақсадноки миллӣ ва баргузории чорабиниҳои мавзуӣ, ки ба ҳифзи хотираи таърих ва дастгирии собиқадорон нигаронида шудааст, зоҳир гардид.
Вазорат хабар додааст, ки аз натиҷаи ҷаласа якчанд қарорҳои муҳим, ки ба беҳбуди минбаъдаи фаъолияти мақомоти ИДМ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви Созмон нигаронида шудааст, ба имзо расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 9 октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад.