ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон, барои дувум бор аст, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, интихоб шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе овоздиҳӣ рӯзи 11-уми апрели соли равон баргузор шуд.
“Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии Рустам Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд кард.
Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 33 узв дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни овоздиҳӣ 31 нафари вакилон ба ҷонибдорӣ аз Рустами Эмомалӣ раъй дода, касе дар ин овоздиҳӣ зид набаромадааст.
Тибқи Қонуни асосӣ раиси Маҷлиси Миллӣ шахси дувум дар ҳукумати Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот, ӯ сарпарасти мақоми раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ аз моҳи апрели соли 2017 вакили маҷлис ва раиси шаҳри Душанбе аст. Аз соли2020 вориди Маҷлиси Миллӣ шуд ва аз он замон раёсати табақаи болоии порлумонро ба дӯш дорад.