Таваҷҷӯҳи ҷавонони ИДМ ба таҳсил дар донишгоҳҳои Русия афзоиш ёфтааст

Иностранные студенты 2 курса магистратуры на лекции в Московском педагогическом государственном университете
Танҳо дар давоми панҷ соли охир шумораи донишҷӯёни кишварҳои ИДМ то 20% афзуда, тақрибан 8% шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳҳои Русияро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Шумори донишҷӯёни кишварҳои ИДМ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, тақрибан 20% афзоиш ёфтааст.
Ин оморро муовини директори Институти психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи А.Герсен Галина Иконникова зимни суханронӣ дар конфронси Душанбе расонаӣ кард.
Ба гуфтаи вай, таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ дар кишварҳои ҳамсуд коҳиш наёфтааст.
Ҳамин тариқ, танҳо дар панҷ соли охир шумори донишҷӯёни кишварҳои ИДМ то 20 фоиз афзуда, тақрибан 8 фоизи шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳҳои Русияро ташкил додааст.
Визит Валентины Матвиенко в Российско-таджикскую школу в Душанбе
Сенатори рус: Дар Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд
Ҳамасола беш аз 15 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия ба таври ройгон таҳсил мекунанд; Ба онҳо барномаҳои нав бо забонҳои гуногун пешниҳод карда мешавад, омӯзиши фосилавии забони русӣ ваолимпиадаҳо гузаронида мешаванд, таъкид кард ӯ.
"Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, дар Русия беш аз 355,7 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ин баландтарин нишондод дар тамоми таърихи низоми маорифи Русия аст", - тавзеҳ дод вай.
Яке аз самтҳои маъмултарини таҳсил дар байни хориҷиён омӯзгорӣ мебошад.