ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон музди меҳнат сол то сол афзоиш меёбад. Танхо соли гузашта маош қариб 25% афзуд.
Ҳамин тариқ, музди миёнаи номиналии ҳисобшуда барои кормандон дар моҳи декабри соли 2024 2,9 ҳазор сомониро ташкил дод. Афзоиш нисбат ба соли 2023 24,3%-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, ҳадди ақали музди меҳнат дар кишвар 800 сомониро ташкил медиҳад.
Сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти тағйирёбии индекси нархҳо) дар моҳи декабри соли 2024 нисбат ба моҳи ноябри соли 2024 12,4% ва нисбат ба моҳи декабри соли 2023 20% зиёд шуд.
Ҳамин тариқ, дар тӯли панҷ сол дар Тоҷикистон маоши коргарони кироя беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Музди меҳнат дар Тоҷикистон дар тӯли 5 сол чӣ гуна тағйир ёфт
© Sputnik
Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ то мохи декабри соли гузашта 2,6 миллион нафар бекорон бо кор таъмин ва расман ба кайд гирифта шудаанд.
Аз ҷумла:
Машғул дар иқтисодиёт - 2,6 миллион нафар (98,1%),
бекорон — 51,4 хазор нафар (1,9%).
Аз шумораи бекорони ба қайд гирифташуда 45,9%-зро (23,6 ҳазор нафар) занон ташкил медиҳанд.
Сатҳи бекории расман ба қайд гирифташуда нисбат ба қувваи корӣ 1,9%-ро ташкил дод.