Дар Душанбе маркази таълимӣ-истеҳсолии электромобилҳо таъсис меёбад

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо дастгирии донишгоҳи чинӣ маркази таълимӣ-истеҳсолии электромобилҳо таъсис дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ қасд дорад, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи касбӣ - техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Чин маркази таълимӣ-истеҳсолии электромобилҳо таъсис диҳад.
Ин масъала дар дидори ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат Қамбар бо ҳамтои чинияш баррасӣ шудааст, хабар дод дафтари матбуоти муассиса.
Қудрат Давлатзода бо ишора ба ҳамкориҳои наздик дар соҳаи илм, маориф, технология таъкид карда, таҳкими минбаъдаи онро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот инчунин зиёд намудани барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ ва таълимӣ, аз ҷумла таъмини стипендияҳо ва таъсиси марказҳои таълимии иловагиро дар самти электромобилҳо дар заминаи факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, дастгирии ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти киберӣ ва рақамикунонии таҳсилотро дар доираи Устохонаи Лубан (Luban Workshop) баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар доираи Маркази таълими амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ ва Маркази омӯзиши амалии энергияи сабз, дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро мавриди баррасии қарор доданд.
Тоҷикистону Чин мероси фарҳангии Роҳи абрешимро муштаракан меомӯзанд
Таъкид шуд, ки минбаъд низ ҷиҳати такмили барномаҳои таълимии ин самт бо истифодаи таҷрибаи пешқадам мутахассисони ду ҷониб пайваста корбарӣ менамоянд.
Дар баробари ин, ҷонибҳо ба сатҳи нави ҳамкорӣ баровардани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, васеъ намудани табодули донишҷӯён, устодон ва муҳаққиқон, таваҷҷуҳи махсус ба фанҳои техникӣ, муҳандисӣ, технологияҳои сабз ва рақамиро баррасӣ карданд.
Таъкиди асосӣ сари омодасозии мутахассисони касбӣ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бахши нақлиёти барқӣ ва технологияҳои нав ва баргузор намудани Форуми сеюми таҳсилоти касбӣ – муҳандисии Тоҷикистону Чин рафтааст.