ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Касри савдои хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ бештар шудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки кишвар, хариди коло аз хориҷ дар ин давра 18% зиёд, аммо содирот бамаротиб коҳиш ёфтааст.
Дар ин муддат ҷумҳурӣ аз хориҷа ба маблағи зиёда аз 1,2 млрд доллар мол ворид кардаст.
Дар ҳамин ҳол содироти мол аз Тоҷикистон дар моҳҳои январ - феврали соли равон 2 баробар кам шудаст.
Ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар ду моҳ ба маблағи 253 млн доллар мол содир кард, ки ин нишондод соли гузашта беш аз 506 млн доллар буд, бармеояд аз омори гумрукӣ.
Дар умум савдои хориҷии Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - феврал ба камтар аз 1,5 млрд доллар баробар шудаст.
Чун анъана Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз аввали сол гардиши мол миёни Душанбе ва Маскав ҳудуди 353 млн долларро ташкил дод.
Аз ин воридоти мол аз Русия наздики 343 млн доллар ва содирот аз Тоҷикистон қариби 10 млн долларро ташкил додаст.
Тоҷикистон дар 2 моҳи аввали соли равон ба ИМА ҳамагӣ, ки ахиран алайҳи молҳояш 10% боҷ ҷорӣ кард, ҳамагӣ ба маблағи 4,2 ҳазор доллар мол содир кардаст.
Воридоти мол аз ин кишвар ба Тоҷикистон тайи январ - феврал беш аз 9,6 млн долларро ташкил додаст.