ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Ветнам иҷоза медиҳад, ки ба бозори худ дар пасманзари боҷҳои баланде, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ба ин кишвар ҷорӣ кардааст, ворид шавад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук зими суҳбат дар шабакаи телевизионии "Россия-24" изҳор дошт.
"Мо мебинем, ки дирӯз алайҳи Ветнам боҷҳои аз ҳама боло ҷорӣ карда шуданд. Иҷрои вазифаҳое, ки мо дар доираи бастани созишномаи савдои озод, дар доираи инкишоф додани робитаҳо бо шарикони анъанавииямон, бо мамлакатхои дуст дар назди худ гузоштаем, ба Ветнам имконият медиҳад, ки бо молҳои худ ба бозори мо дохил шавад", — гуфт вай.
Оверчук афзуд, ки чунин ҳамкорӣ барои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ муфид аст, зеро тавсеаи пешниҳоди маҳсулот “ба нархҳо ва таваррум таъсир хоҳад кард”.
Трамп рӯзи 2 апрел аз ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ ба маҳсулоти 185 кишвар ва қаламрав хабар дод.
Дар он алайҳи молҳои Ветнам 46% боҷ ҷорӣ шудааст, ки пас аз Камбоҷа (49%) дар ҷойи дуввум меистад.
Русия дар ин рӯйхат нест, аммо Тоҷикистон дар он ҷой дорад, ки алайҳи молҳояш 10% боҷ ҷорӣ шуд.
Тарофаҳои ҳамаҷонибаи 10% аз 5 апрел, тарофаҳои инфиродӣ аз 9 апрел эътибор пайдо мекунанд.
Ба ҷуз ин, маъмурияти ИМА аз 3 апрел барои ҳамаи мошинҳои воридотӣ боҷи гумрукӣ ба андозаи 25% ҷорӣ кард.
Трамп ба далели вазъи иқтисодӣ дар кишвар вазъияти изтирорӣ эълон кард.