ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Шероз ба зудӣ бо кумаки бахши хусусӣ парвози мустақими Тоҷикистон ба Шерозро барқарор мекунад.
Муҳаммад Собит Ақлидӣ, мудиркулли мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии устони Форс дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Тасним” бо эъломи ин хабар гуфт, ки тоҷикҳо алоқаи хеле зиёде ба Эрон доранд ва худро эронӣ медонанд.
Вай афзуд, ки аз сӯйи дигари мо дар устони Форс дар ду ҳавзаи фарҳангӣ – адабӣ ва саломатӣ ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорем, устони Форс яке аз қутбҳои гардишгарӣ саломатист.
Мудиркулли мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии устони Форс идома дод, ки қарор бар ин шуд то аз ин зарфият дар ҳавзаи ҷазби сайёҳони фарҳангӣ – адабӣ ва гардишгарони саломат истифода кунем.
Вай таъкид кард, ки фурудгоҳи байналмилалии Шероз ба зудӣ бо кумаки бахши хусусӣ парвози мустақим аз Тоҷикистон ба Шерозро барқарор мекунад.