Оверчук: ИИАО аз лиҳози иқтисодӣ барои дигарон хеле ҷолиб аст

Алексей Оверчук, заместитель председателя правительства РФ
Муовини сарвазири Русия гуфт, ки кишвараш талош мекунад ба шарикони худ расонад, ки наздикшавӣ бо ИИАО ба онҳо фоидаи муайян меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Наздикшавӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои давлатҳое, ки ҳанӯз узвият надоранд, аз лиҳози иқтисодӣ ҷолиб аст ва Русия кӯшиш мекунад, ки инро ба шарикони тиҷоратии худ расонад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар дод.
Ба гуфтаи вай, хусусияти фарқкунандаи ИИАО ва умуман муносибатҳои Русия бо кишварҳои дигар дар он аст, ки кишвари мо чизеро ба гардани касе бор намекунад.
"Пеш аз ҳама, мо кӯшиш мекунем ба шарикони худ бигӯем, ки наздикшавӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба онҳо фоидаи муайян меорад", - шарҳ дод муовини сарвазири Русия.
Ба гуфтаи Оверчук, равандҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон ҷараён доранд, бахусус деглобализатсия ба афзоиши таваҷҷӯҳ ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мусоидат мекунад.
Флаги ЕАЭС
ИИАО метавонад ба ҳамкориҳо байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо тавсеа бахшад
Дар ниҳоят, ба шумораи ҳозираи аҳолии худи ИИАО – тақрибан 190 миллион нафар – мо метавонем сокинони Эронро, ки ба минтақаи озоди тиҷоратии ИИАО шомил аст – 85 миллион, Ветнам – 100-110 миллион, инчунин Сербияро ҳамроҳ кунем.
"Мо ҳоло ҳам бо як қатор кишварҳое, ки имкониятҳои бозор ва содиротии моро васеъ мекунанд, гуфтушунид дорем. Аз ин рӯ, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё воқеан аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле ҷолиб аст", - таъкид мекунад Оверчук.
Алексей Оверчук низ дар пахши шабакаи телевизионии "Россия 24" дар бораи корҳо оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ ва боз кардани бозори Эрон барои истеҳсолкунандагони рус таъкид кард.