Мақомоти гуфт аз ҳисоби кадом соҳаҳо иқтисод рушд кард

Тибқи баҳодиҳии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2025 дар сатҳи зиёда аз 8% пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ахиран дар дидор бо намояндагони яке аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ гуфт, ки дар соли 2024 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар соли 2024 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4%-ро ташкил дод.
Қайд карда шудааст, ки ин рушд дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишвар, ҳукумати Тоҷикистон, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қарорҳои дахлдори ҳукумат, барномаву стратегияҳо дар соли 2024 таъмин карда шудааст.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд кард, ки дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 20%, кишоварзӣ 10,6%, гардиши савдо 13,6%, мусофиркашонӣ 13,4%, хизматрасонии пулакӣ 13%, боркашонӣ 11,5% ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4% таъмин гардид.
Аз иқтисод то амнияту фарҳанг: Қаноатмандии Раҳмон аз натиҷаҳои музокирот дар Маскав
Инчунин Ашурбой Солеҳзода дар ин дидор қайд кард, ки тибқи баҳодиҳии вазорат суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2025 дар сатҳи зиёда аз 8% пешбинӣ шудааст.
Дар ин дидор қайд карда шуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна иқтисоди миллӣ дар кишвар дар солҳои охир дар сатҳи баланд таъмин гардидааст.