ДУШАНБЕ, 4 апрел – Sputnik. Раҳбари Тотористон Рустам Миннихонов аз осори фарҳангии Хуҷанд дидан кард.
Дафтари матбуоти раҳбари ин ҷумҳурии Русия хабар дод, ки ӯ дар чаҳорчӯби сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд дидан кард.
Гуфта мешавад, ки меҳмони олимақом аз Қасри фарҳанги Арбоб ва маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд боздид кардааст.
Ғайр аз ин дар ба раҳбари Тотористон саҳнаҳои мусиқии анъанавӣ намоиш дода шуданд.
Рустам Миннихонов зимни боздид аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд ба ширкатҳои сайёҳӣ дастур додааст, ки масирҳоро омӯхта, ҷараёни мутақобилаи гардишгаронро аз Тотористон ба Тоҷикистон ва баръак афзоиш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Рустам Миннихонов, раисҷумҳури Тотористон, пас аз мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо як сафари корӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон сафар кард.
Дар Гулистон мулоқоти оқои Миниханов бо раиси вилоят Рачаббой Ахмадзода сурат гирифт.
Ба гуфтаи Минниханов, Тотористон ба густариши ҳузури ширкатҳои пешқадам дар бозори Тоҷикистон ва афзоиш додани интиқоли навъҳои мухталифи коло – аз кишоварзӣ то маҳсулоти мошинсозии вазнин манфиатдор аст.