ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Ҳукумати Маҷористон тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ)хориҷ шавад.
Дар ин бора роҳбари дастгоҳи сарвазири Маҷористон, Гергей Гуйяш хабар дод.
"Ҳукумат тасмим гирифт, ки аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шавад. Тартиби қатъи салоҳиятҳо тибқи конститутсия ва чаҳорчӯби ҳуқуқии байналмиллалӣ аз ҷониби ҳукумат рӯзи панҷшанбе оғоз хоҳад шуд", - изҳор дошт Гуйяш.
Ин дар пасманзари сафари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рух дод, ки барои боздошти ӯ ДБҶ дар моҳи ноябри соли 2024 дастури ҳабс содир карда буд.
Сабаби тафтишот иттиҳоми раиси ҳукумати Исроил дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар навори Ғазза будааст.
Ба ҷуз аз ӯ, додгоҳ мехоҳад вазири собиқи дифоъ Йоава Галантро низ боздошт кунад.
Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан моҳи ноябри соли 2024 гуфт, ки ният дорад Нетаняҳуро ба кишвар даъват кунад ва кафолат диҳад, ки ҳукми ДБҶ дар қаламрави он иҷро нашавад.
Сардори дастгоҳи сарвазири Маҷористон Гергеӣ Гуйяш гуфт, ки Маҷористон муқаррароти ДБҶ-ро тасвиб накардааст, аз ин рӯ нахуствазири Исроил метавонад бидуни тарси боздошт ба ин кишвар бехатар сафар кунад.