Тоҷикистон интизори ширкати Русия барои истихроҷи нафту газ дар кишвар аст

Далер Ҷумъа аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз Русия даъват кард ки ба рушди энергетикаи тоза дар Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Тоҷикистон ба иштироки ширкатҳои Русия дар коркарди конҳои нафту газ дар кишвар умед мебандад. Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷараёни ифтитоҳи форуми байналмилалии энергетикии "Энергопром" дар Қазон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла, Тоҷикистон иштироки Тотористонро бо таҷрибаи муваффақонаи худ дар ин соҳа истиқбол мекунад.
"Саноати нафту газ қисми ҷудонашавандаи амнияти энергетикӣ мебошад. Ва мо умедворем, ки Русия ва бахусус Тотористон низ ба коркарди конҳои нафту газ дар Тоҷикистон ҳамроҳ хоҳанд шуд", - гуфт вазир.
Ӯ инчунин аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз Русия даъват кард, ки бо назардошти содироти он ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба рушди энергетикаи тоза дар Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд.
Ба иттилои вазир, дар ояндаи наздик дар Душанбе мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони тиҷорат, идораҳои сармоягузории ду кишвар оид ба ҷалби сармояи хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Муҳлати оғози кори корхонаи полоиши нафти Данғара бо кӯмаки ширкати “Татнефт” маълум шуд
Форуми энергетикии Тотористон "Энергопром" дар Қазон 2-4 апрел баргузор мешавад, ки дар кори он тақрибан 90 ширкат иштирок мекунанд. Бояд хотиррасон кард, ки бо иштироки ширкати русии "Татнефт" дар ҳудуди МОИ "Данғара" дар охири соли 2024 корхонаи коркарди нафт дар ҳолати озмоишӣ ба кор даромад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон ният дорад бо ширкати "Татнефт" - и Тотористон барои роҳандозии яке аз бузургтарин корхонаҳои коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"ҳамкорӣ кунад.