ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон масъалаи қарзи нерӯи барқро аз Федератсияи Русия ҳал карданд; дар ояндаи наздик шартномаи дахлдор имзо карда мешавад.
Дар ин бора ба ТАСС вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии энержии "Энергопром" хабар дод.
"Мо ин масъаларо бо ҳамкасбони худ аз Федератсияи Русия ҳал кардем. Дар ояндаи наздик нақшаи чорабиниҳоро муайян кардем. <...> Дар бораи пардохти пурраи қарзи ҷамъшуда санади дахлдор ба имзо хоҳад расид", - гуфт ӯ.
Қарзи асосӣ аз Русия ба корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия "НБО Сангтӯда - 1" тааллуқ дорад.
Саҳми Федератсияи Русия дар сармояи оинномавӣ 75% ва Тоҷикистон 25% ташкил медиҳад.
Ягона харидори нерӯи барқи тавлиди "НБО-и Сангтӯда-1" ширкати давлатии энергетикии "Барқи тоҷик" мебошад.
Дар вебсайти ин корхонаи муштарак омадааст, ки дар авохири моҳи декабри соли 2024 қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқи обӣ аз 3, 2 млрд сомонӣ, муодили 298 млн доллар гузашт.