Русия низ аз имзои созишномаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард

Ба иттилои ВУХ, Русия ин қарорҳоро ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд равона шудаанд, дастгирӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Русия аз имзо шудани созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ҳамчунин эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ истиқбол мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод.
"Федератсияи Русия аз имзои созишнома ва эъломия зимни нишасти сарони президентҳои се кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев Содир Ҷабборов дар рӯзи 31 март, ки дар Хуҷанд баргузор шуд, истиқбол мекунад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ зикр намуд, Русия ин қарорҳоро ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд равона шудаанд, дастгирӣ мекунад.
Вазорати умури хориҷии Русия таъкид кард, ки "созишномаҳои ба қайд гирифташуда ба рушди ҳамсоягии нек ва ҳамкории шарикӣ байни се давлат такони нав мебахшанд ва ба таъмини субот ва амният дар фазои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд".
Бояд гуфт, қаблан СҲШ низ аз имзои созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол намуд. Созмони мазкур имзои ин санадро қадами муҳим дар таҳкими эътимоди тарафайн ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ кард.
СҲШ аз имзои созишнома байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард
Ёдовар мешавем, сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд созишномаи марзии қитъаҳои пайвандгари се кишварро имзо карданд.
Дар робита ба имзо шудани ин ҳуҷҷат, кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки "аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт".
Дар идома президент қайд кард, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд ва вохӯрии суратгирифтаро ӯ оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар арзёбӣ кард.