Муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ истифода кунанд

Аммо онҳо танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ дар ҳудуди Русия метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии миллӣ истифода кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, ҳуқуқи истифода аз аз шаҳодатномаи ронандагии миллиро доранд.
Дар ин бора Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар бахши муҳоҷират хабар дод.
Аммо ин ниҳод тавзеҳ дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо як шарт метавонанд аз шаҳодатномаи ронандагии худ истифода кунанд: агар бо нақлиёт корҳои шахсии худро анҷом диҳанд.
"Агар идора кардани воситаи нақлиёт як бахше аз фаъолияти меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бошад, ӯ наметавонад, зимни фаъолият воситаи нақлиётро тавассути шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ истифода барад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар идома Намояндагии Вазорати меҳнат хотиррасон намуд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русиро доштанд ва ё иҷозатномаи зисти муваққатиро дарёфт намуда буданд, тибқи қонун бояд то 1 апрели соли равон шаҳодатномаи ронандаии худро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз мекарданд.
Ин ниҳод зикр намуд, ки акнун муҳлати иваз кардани шаҳодатномаҳои тоҷикӣ ба русӣ ба анҷом расид.
Бояд гуфт чунин тағйирот ба Қонгуни федеролии Русия аз 10 июли соли 2023 ворид гардид ва ҳамакнун аз 1 апрели соли равон тағйироти мазкур ба ҳукми иҷро даромад.
Русия мутобиқсозии муҳоҷиронро ба самти асосии сиёсати давлатӣ шомил кард
Манбаъ ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ дар кишвари иқомат аз рӯи категорияҳои "М", "А", "B", "А1", "B1" пас аз супоридани санҷиши назариявӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ амалӣ мегардад.
Ҳамчунин категорияҳои "С", "D", "СЕ", "DЕ" бошад пас аз таҳсил дар курси кутоҳмуддати ронандагӣ, супоридани имтиҳони назариявӣ ва амалӣ ва пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ иваз карда мешаванд.