ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Тоҷикистониҳо дар олимпиадаи Infomatrix - Asia 2025 бомуваффақият баромад карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати маориф хабар дод.
Мусобиқа дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона баргузор шуд. Мусобиқа дар 9 категория гузаронида шуд: графикаи компютерӣ ва санъат, филми кӯтоҳметражӣ, идоракунии таҷҳизот, лоиҳаҳои илмӣ-амалӣ, хакатон Arduino, эстафетаи LEGO, барномасозии AI ва стартап хакатон AI.
Гуфта мешавад, ки намояндагони Тоҷикистон тавонистанд дар ин олимпиада 2 ҷои дуюм ва 2 ҷои сеюмро ба даст оранд.
"Ин дастовард нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дар омӯзиши технологияҳои муосир ва рақобат дар арсаи байналмилалӣ потенсиали баланд доранд", - қайд кард Вазорати маориф.
Ғолибони ин мусобиқаҳо имконият пайдо мекунанд, ки ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешрафтаи ҷаҳон имтиёзҳо ба даст оранд.
Қаблан тоҷикистониён дар олимпиадаи Авруосие 18 медал аз информатикаро ба даст оварда буданд.
Мусобиқа инчунин дар Қазоқистон, дар байни мактаббачагони кишварҳои СҲШ баргузор шуд. Дар он 39 хонанда аз Тоҷикистон иштирок намуда, 3 медали нуқра ва 15 биринҷӣ ба даст оварданд.