ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз, 1 апрел даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Зимнан,нахустин гузоришҳо аз анҷоми нақшаи даъват дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ эълон гардиданд.
Аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро чун ҳамешагӣ дар рӯзи аввал пурра ба анҷом расонд.
Ба думболи ВМКБ вилояти Хатлон низ аз анҷоми пурраи нақшаи даъват дар нахустин рӯз хабар дод. Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод, "нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони зиёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба адои хизмати ҳарбӣ равона шуданд".
Бояд гуфт, маротиба дуюм аст, ки вилояти Хатлон дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, бо фармони роҳбари давлат аз 19 феврали соли соли 2025 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид.
Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст.
Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад