ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон аз ҳоло паҳншавии малахи марокашӣ сабт шудааст.
Бо ҳадафи тақвияти мубориза бо он, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи Ситоди вилоятии "Мубориза бар зидди малах"-ро бо рисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Данғара, Фархор, Шаҳритус ва сохторҳои марбута доир кардааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти раиси вилоят, зимни баррасии масъалаҳо рӯйи тақвияти мубориза бо ин ҳашарот аз ҳоло таъкид шудааст.
"Бо дарназардошти хавфи эҳтимолии он масъулин вазифадор шуданд, ки фавран тадбирҳои заруриро барои маҳви малах ва ҳифзи майдонҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо амалӣ намоянд",- афзудааст манбаъ.
Раиси вилоят таъкид карда, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, бахусус минтақаҳои осебпазир, ситодҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ таъсис дода шуда, нақшаи мубориза пурра ва сари вақт иҷро гардад.
Ҳамчунин, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба роҳбарияти филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар минтақаи Бохтар муваззаф гардидааст, ки харитаи дақиқи минтақаҳои сироятёфтаро таҳия намуда, захираи заҳрхимикатҳо ва техникаи заруриро фароҳам оварад.
Таъкид мешавад, ки корҳои кимиёвӣ зидди малахи марокашӣ дар се марҳила гузаронида мешаванд.
Ба гуфтаи мутахассисон, малахи марокашӣ асосан дар доманакӯҳҳо тухмгузорӣ намуда, баъдан ба заминҳои ҳамвор паҳн мешавад.
"Бо мақсади коҳиши хатари паҳншавӣ ва зарари ин ҳашароти зараррасон Ситоди вилоятӣ бо ҳамаи имкониятҳо чораандешӣ менамояд",- афзудааст манбаъ.
Дар ҷараёни ҷаласа раиси вилоят шахсан аз як қатор мавзеъҳои сироятёфта боздид намуда, барои вусъат додани тадбирҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас додааст.