Раҳмон, Ҷабборов ва Мирзиёев “Маҷмааи Дӯстӣ” – ро дар марзи кишварҳо боз мекунанд – акс

Маҷмаи мазкур дар сарҳади вилоятҳои Суғду Бодканд ва Фарғона бунёд шуда, дӯстии халқҳои ҳамҷаворро тараннум менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Дар доираи сафару дидори раҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон президентҳо дар сарҳади миёни се кишвар “Маҷмааи дӯстӣ"- ро ифтитоҳ мекунанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, "Маҷмааи дӯстӣ" – тараннгумгари дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон – ро ифтода менамояд.
Ин Маҷмаа дар сарҳад дар минтақаи бетарафи вилоятҳои Суғду Бодканд ва Фарғона ба таври муштарак бунёд шудааст.
Раҳмону Ҷабборов созиши марзию фаъолсозии қисмати CASA - 1000-ро рӯйдодҳои таърихӣ хонданд
Қарор аст, чанд лаҳза баъд маросими ифтитоҳи маҷмаа доир шавад.
Дар расми ифтитоҳи он президентҳо Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев батаври фосилавӣ (онлайн) ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони се кишвар дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак дар маркази вилояти Суғд иштирок хоҳанд кард.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҷараёни мулоқоти президентҳоро дар вилояти Суғд пайгирӣ ва инъикос мекунанд.