Роҳбандӣ дар Суғд: ҳаракат дар кадом кӯчаҳо маҳдуд мешавад?

Машина полиции
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд маҳдудияти ҳаракати нақлиёт ва бастани роҳҳоро, ки чаҳор рӯз идома хоҳад кард, эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар бархе аз роҳҳо ва кӯчаҳои ин вилоятро эълон кард.
Ба ин тартиб, дар робита ба вуруди ращбарони Узбакистону Қирғизистон Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ба Хуҷанд ба муддати 4 рӯз дар ҳаракати нақлиёт тағйирот ворид карда мешавад.
Ҳаимн тариқ, рӯзи 31-уми март дар минтақа маҳдудияти васеъмиқёси дар назар аст.
Дар ин рӯз ҳаракати нақлиёт дар як қатор ҷоддаҳои на танҳо дар вилоят, балки дар Хуҷанд – тақрибан дар тамоми шаҳр маҳдуд мешавад.
Роҳбандӣ дар Хуҷанд
Роҳбандӣ дар Хуҷанд
Илова бар ин, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров маҳдуд мешавад. Ин мамнӯъият ба кӯчаҳои марказии Бӯстон ва Гулистон низ дахл хоҳад дошт.
Чунин маҳдудият то рӯзи сешанбеи 1 апрел эътибор дорад.
Роҳбандӣ дар вилояти Суғд
Роҳбандӣ дар вилояти Суғд
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 1-ум кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои маркази шаҳри Бӯстон, инчунин деҳаи Шоҳқадамбулоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масдуд мешаванд.
Президент ба Суғд сафар кард - акс
Раёсати бехатарии роҳ дар ВКД-и вилояти Суғд ба ҳамаи шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт муроҷиат кардааст, ки дар давраи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҳаракати зиёдатӣ дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда худдорӣ намоянд.