ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мусулмононро бо Иди Рамазон табрик гуфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Иди Рамазон дар соли 2025 ба санаи 30 март рост омад.
Сарвари давлат саҳми бузургеро, ки созмонҳои мусулмонӣ ба рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мегузоранд, қайд карданд.
"Саҳми бузург ва созандаи созмонҳои мусулмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хайрия, таълимӣ, маърифатӣ, ватандӯстӣ ва ташаббусҳои мардумӣ сазовори эҳтироми самимӣ аст", - омадааст дар табрикоти раҳбари Русия.
Путин ҳамчунин аз кумакҳои муассир ба ширкаткунандагон ва собиқадорони амалиёти низомии вижа, наздикон ва дӯстони онҳо аз ҷониби пайравони дини Ислом махсусан қайд кард.
Вай таъкид кард, ки мусулмонони Русия анъанаҳои ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ниёгони худро бодиққат ҳифз мекунанд.
"Ба шумо саломатии бардавом, дар кору фаъолиятатон комёбиҳо таманно дорам", - афзуд роҳбари давлат.
Иди Фитр яке аз идҳои аслии мусалмонон буда, бо поёни моҳи Рамазон, ки яке аз муқаддасоти Ислом аст, таҷлил мешава.
Дар ин рӯз мусалмонони пас аз адои намози ид аз хонаводаҳои ҳамдигар дидан мекунанду ҳол мепурсанд ва ба ниёзмандону барҷомондагон кумак мекунанд.