Намози ид дар Русияву Тоҷикистон чӣ гуна гузашт? - видео

Ҳазорҳо мусалмон дар Тоҷикистону Русия ба муносибати анҷоми Рамазон ва фарорасии Иди Фитр субҳи барвақти намози ид баргузор карданд
Sputnik
Дар Тоҷикистону Русия чун дар бисёре аз кишварҳои мусалмоннишини дигар Иди Фитрро 30 март таҷлил мекунанд.
Тибқи анъана, дар ин рӯз мусалмонон аҳли хонавода ва дӯстони худро бо анҷоми рӯзадорӣ табрик гуфта, дар масҷид намози идӣ мехонанд.
Чун анъана масоҷиди Душанбе субҳи барвақт пур аз намозгузорон шуд ва тибқи эълони қаблӣ он соати 6:45 доир гардид.
Ба ин муносибат субҳ масоҷиди Маскав низ пур аз намозгузорон шуд.
Шумораи бештари намозгузорон аз рӯи анъана ба масҷиди ҷомеи Маскав ҷамъ омаданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Намози ид дар Русия ва Тоҷикистон чӣ гуна гузашт - дар видеои мо бубинед.
Пулро ба таълими фарзандон сарф кунед: Президент аз мардум хост, дар ид исрофкорӣ накунанд
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.