Аврупо иқрор шуд, ки таҳримҳо бар зидди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиён мерасонад

Мақомдорони Иттиҳодияи Аврупо ахиран дар як нишаст, қайд карданд, ки таҳримҳо алайҳи Русия ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ низ зиён мерасонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Таҳримҳо алайҳи Русия ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд, гуфт масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Кая Каллас.
"Иттиҳоди Аврупо ба рӯи бастаи 17-ум таҳримҳо кор дорем. Ман дарк, ки ин таҳримҳо бар зидди Русия ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ зиён мерасонанд”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сарвизари Маҷористон Виктор Орбан гуфта буд, ки таҳримҳо алайҳи Русия бояд ҳарчӣ зудтар ва то ҳадди имкон лағв шаванд.
Вай қайд карда буд, ки то ҳол ба лағви зудтари таҳримҳо алайҳи Русия танҳо чанд кишвари Иттиҳодияи Аврупо розӣ ҳастанд.
Пештар Орбан гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо набояд дар мавриди тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия шитоб кунад.
Орбан гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия бояд ҳарчи зудтар лағв шаванд
Сиёсатмадор зарурати нигоҳ доштани "сабри стратегӣ"-ро қайд кард.
"Агар муноқиша хотима ёбад, он гоҳ таҳримҳои зидди Русия, ки Аврупоро азоб медоданд, хотима хоҳанд ёфт. Назари Маҷористон ин аст, ки таҳримҳо бояд ҳарчи зудтар ва ба таври комил лағв карда шаванд", - гуфт Орбан.
Ба гуфтаи ӯ, агар ин муваффақ шавад, пас “давраи таваррум ба поён мерасад” ва “иқтисод дубора барқарор мешавад”.