Сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳанд кард?

Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ-ро ки дар Душанбе баргузор мешавад расонаӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ахиран ба хабарнигорон гуфт, дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар авоили моҳи июн баргузор мешавад.
Ахиран дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи намояндагони доимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад.
Дар ҷаласа масъалаи таҳияи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасӣ шуд.
"Дар ҷаласаи намояндагони доимӣ шаш масъала баррасӣ мешавад, ки ду масъала хеле муҳим аст, Ин рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки тавре интизорем, рӯзи 5 июн дар Душанбе баргузор мешавад", гуфт Лебедев.

17 масъали муҳим

Оқои Лебедев ёдовар шуд, ки имсол Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро бар душ дорад, аз ин рӯ ҳамкорони тоҷик сарони ҳукуматҳои кишварҳои муштаракулманофеъро барои мулоқот ба пойтахти худ даъват карданд.
Тоҷикистон ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии ИДМ оғоз кард
"Дар рӯзномаи ҷаласаи Нишасти сарони ҳукуматҳо қарор аст 17 масъала, масоиле, ки хеле ҷанбаҳои муҳимро дар бар мегиранд баррасӣ мешаванд. Сарони ҳукуматҳо ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд, ҳарчанд дар рӯзнома як қатор масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи гуманитарӣ низ танзим мекунанд", - гуфт Лебедев.
Вай таъкид кард, ки сарони ҳукуматҳо лоиҳаи созишномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ дар рушди саноати вазнини мошинсозиро баррасӣ хоҳанд кард.
"Ин созишномаи хеле муҳим аст, ки он муддати тӯлонӣ дар ҳоли омодагӣ буд ва мо умедворем, ки он ба ҳамоҳангсозии соҳаҳои саноати вазнини кишварҳо мусоидат хоҳад кард", - таъкид кард дабири кулли ИДМ.
Лебедев гуфт, дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳо дар Душанбе масъалаи баргузории ҷашнвораи синамо дар кишварҳои ИДМ-ро низ баррасӣ хоҳем кард.